Ширкати аудиторӣ “Крестон АС” барои панҷ сол иҷозатномаи фаъолият гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон ба феҳристи ширкатҳои аудиторӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият доранд боз як ширкати дигарро ворид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон а ҶДММ “Крестон АС” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Тибуи иттилои манбаъ, қарори дахлдор ахиран аз сӯйи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
“Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба ҶДММ “Крестон АС” иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Бонки миллӣ аз бозори гарми бима дар Тоҷикистон хабар дод
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсати бонк Идораи назорати суғуртавии БМТ-ро уҳдадор кардаааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудитории дорои ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) сабти дахлдор ворид намояд.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои сомонаи Бонки миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон нӯҳ ширкати аудиторӣ фаъолият доранд.
Аз ҷумла дар Тоҷикистон ширкатҳои “Консултант аудит“, “Бейкер Тилли Тоҷикистон”, “Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder”, "РСМ Тоҷикистон", “КРЕСТОН АС”, “КПМГ Аудит”, “Моор Стивенс”, “Аудит Консалтинг”, “Кроу Хорват-ЭЙСИҶӢ”.