IRS масири Душанбе-Чаноқро ба рӯи якқатор мошинҳо баст

IRS мегӯяд, чунин тадбир ба мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати мошинҳои сабукрав дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ роҳандозӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Ҳаракати "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чунин тадобир ба хотири таъмини ҳаракати мошинҳои сабукрав дар ин масир роҳандозӣ шудааст.

"Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт гузариши "Фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Сабаби баста шудани роҳро ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” бориши зиёди барф гуфтааст.
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
Манбаъ афзуда, ки дар ҳоли ҳозир, дар роҳи Душанбе - Чаноқ, хоса минтақаҳои Варзоб ва Шаҳристон тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.
Ин дар ҳолеест, ки КҲФ аз ду рӯзи сард ҳушдор дода буд. Тибқи гузориши ин ниҳод рӯзҳои 16-18 ноябр дар манотиқи кӯҳҳии кишвар, хатари фаромадани тарма мавҷуд аст.
Сардӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон: ҳушдор, тавсия ва тадбирҳои КҲФ
Дар баробари ин, ҳаво дар ин рӯзҳо дар кишвар сарду барфӣ пешбинӣ шудааст.