Байден шак дорад, ки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон мушак партоб шудааст

Раисҷумҳури ИМА ахиран эълон кардааст, ки тибқи маълумотҳои пешакӣ мушаке, ки ба қаламрави Лаҳистон уфтод, аз қаламрави Русия партоб нашудаат
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден, гуфт тибқи маълумоти пешакӣ партоби мушаки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон сурат нагирифтааст.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, ин маълумот рад карда мешавад. То анҷоми пурраи тафтишот намехоҳам инро бигӯям, аммо аз нигоҳи масири ҳаракатии мушак гумон аст, ғайриимкон аст, ки он аз Русия партоб шуда бошад. Аммо мебинем", - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон дар Бали баъд аз мулокот бо рохбарони давлатҳо.
Байден афзуд, ки ӯ ният дорад, дар бораи ҳодисаи мазкур дар Лаҳистон маълумоти пурра дошта бошад ва сипас дар бораи иқдомҳои баъдӣ тасмим бигирад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони НАТО ва G7 дар ин дидор ҳодисаи таркиши мушак дар Лаҳистон баррасӣ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар тафтишот ба Варшава кумак кунанд.
Лаҳистон ҳузури ногузири Русия дар бозори энергетикиро эътироф кард
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда гуфта буд, Варшава маълумоти дақиқе дар бораи мушакҳое, ки ба қаламрави ин кишвар афтодаанд, надорад.
Ин изҳорот мухолифи иддаои вазорати хориҷаи Лаҳистон аст, ки қаблан гуфта буд, ки мушакҳои сохти Русия ба қаламрави ин кишвар афтодааст ва дар робита ба ин сафири Русия дар Варшава ба вазорати хориҷа даъват шуда буд.
Рӯзи 15 ноябр расонаҳои Лаҳистон дар бораи таркиши ду мушак дар қаламрави Лаҳистон, ки боиси харобиву марги ду нафар шудааст, хабар дод.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, ин кишвар ба ҳеҷ ҳадафе дар наздикии марзи давлатии Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршуда ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Хамаи изхороти матбуоти Польша дар бораи гуё афтидани мушакҳои “Русия” иғвогарии дидаю дониста барои шиддат намудани вазъият мебошад.