ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов дар бораи кайфияти бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими Русия гуфт, менависад "Матч ТВ".
"Мо талош мекунем, ки натиҷаи мусбӣ, яъне пирӯзӣ ба даст орем. Кӯшиш мекунем, ки барои ғалаба бозӣ кунем, он тараф чӣ ки шавад. Пеш аз бозӣ Русия фаворит аст: онҳо ном доранд", - гуфт дарвозабон.
Аммо, дар баробари ин ӯ афзуд, ки вақте ҳамаи бозигарон ба майдон мебароянд, “шанс 50 ба 50 хоҳад буд”.
Ятимов таъкид кард, бозӣ бо ҳар кас кардан мумкин аст.
"Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки ҳамааш хуб мешавад", - гуфт ҳамсӯҳбат.
Вай ҳамчунин аз вохӯрӣ бо тими Ҷопон ёдовар шуд, ки дар ҳайати он пурқувваттарин бозигарони лигаи Урупо ворид ҳастанд.
"Онҳо ба назди мо омаданд, дар нимаи аввал мо шонси хубро дарк накардем. Дар ҳамлаи ҷавобӣ "часпида" мондем, зеро мо ба пеш медавидем, аммо бо ҳар гуна тим бозӣ кардан имкон дорад", - қайд кард Рустам Ятимов.
Илова бар ин, вай гуфт, ки пеш аз бозӣ бо тими Русия ягон лаҳзаи бунёдӣ вуҷуд надорад.