Ҳушдор аз вазъ: Раҳмон аз милисаҳо дар Суғд таъмини оромиро талаб кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба милисаҳо дар вилояти Суғд аз вазъи муракакаби геополитикӣ дар ҷаҳон ҳушдор дода, онҳоро ба зиракӣ даъват намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти умури дохилии вилояти Суғд хост, дар иҷрои вазифаҳои хидматияшон намуна бошанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо милисаҳо зимни ифтитоҳи бинои иловагии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Генералҳои нав дар ВКД Тоҷикистон кистанд?
Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити кор дар иншоот кормандони раёсатро ба иҷрои намунавии уҳдадориҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ ва содиқона бар нафъи давлату миллат хизмат кардан вазифадор намудаст, омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ёдовар шудааст.
"Раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон ёдовар шуда, зиракии баланди кормандони Мақомоти корҳои дохилиро ҷиҳати таъмини оромии комил ва сулҳу субот тақозо карданд", - илова намуд манбаъ.
Таъкид шудаст, ки бинои ҷадиди 4-ошёна, ки президент ифтитоҳ кард, норасоии ҳуҷраи корӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ дар Суғдро бартараф мекунад.
Акнун кормандони шуъбаи тафтишот, таҳқиқ ва маркази иттилоотии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар шароити замонавӣ фаъолияти худро пеш баранд, афзуд манбаъ.