Тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО бо Эрон ва Тоҷикистон

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон бо дигар кишварҳои минтақаро дар шароити ҳозир зарур шуморид.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Муродҷон Барибоев, бар тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО махсусан Эрон ва Тоҷикистон таъкид кардааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО ҳамчунин афзудааст, ки ҳанузҳам зарфиятҳои фаровони дар ин замина вуҷуд дорад, ки гоҳ мавриди таваҷуҳи андак сурат гирифтанд ва дар шароити кунунии ҷаҳон, ки ба суи ҳамгароӣ пеш меравад лозим аст аз ин зарфият ва имконот истифодаи баҳина сурат гирад.
Ба кишварҳои ЭКО 10 давлат шомиланд: Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Туркманистон.
Бар асоси охирин омори расмӣ, муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои узви ЭКО ва боқимондаи ҷаҳон ҳудуди 600 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Изҳори таслияти Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон вобаста ба амали террористӣ
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гурӯҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гурӯҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ карданд.
Ғайр аз Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.