Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Бӯстон

Иқтидори корхонаи мазкур, ки аз сӯйи як соҳибкор сохта шудааст дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороиширо дарбар мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон.
Корхонаи мазкур бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ифтитоҳ шудааст.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Асрор Атомуллоев дар масоҳати умумии 1535 м ва масоҳати зерсохмонии 465 м ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Дар Суғд даҳҳо корхона фаъолият намекунад
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз истеҳсоли 1 тонна маҳсулоти рангҳои ороишӣ мебошад. Баҳри бунёд ва бо технологияи муосир таъмин намудани он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Зикр гардидааст, ки вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба роҳбарияти корхона барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ тавсияҳои мушаххас доданд.