Барномаи ҷолиби фарҳангӣ: баргузории рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Душанбе - видео

Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ баргузор гардид
Sputnik
Ахирна бахшида ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ барномаи муштараки фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бомаҳорати ду кишвар баргузор гардид
Тоҷикон бо фарҳанг ва ҳунари Арабистони Саудӣ ошно гардиданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Эрон аз Саудӣ хост, ки сабрашро сар наёрад, вагарна оромиро намебинад
Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардида, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии ин кишвар, сарулибоси миллӣ, асарҳои рассомон ва таъомҳои миллии арабӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.