Рино Амирӣ: Ифротгароии гурӯҳи толибон Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ ва фақирӣ мекашад

Намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон аз ифротгароӣ гурӯҳи толибони иброз нигаронӣ карда гуфтааст, ки ин гурӯҳ Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Рино Амирӣ, намояндаи вижаи Амрико барои занони Афғонистон ба тасмими ахири толибон дар мавриди мамнуъияти ҳузури занон дар паркҳои тафреҳии шаҳри Кобул вокуниш нишон додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Рино Амирӣ ахиран дар саҳифаи твиттерии худ аз тундгаро шудани Афғонистон дар паии сиёсатҳои толибон дар баробари занони иброз нигаронӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки ин ифротгароии толибони мунҷар ба бе саботӣ ва фақру фирори бештари ҷамъият аз Афғонистон хоҳад шуд.
"Касоне, ки аз Афғонистони тундагоро метарсанд, бояд аз сиёсатҳои толибони алайҳи занону духтарон, монанди маҳрумият аз таҳсил, кор дар бештари бахшҳо, ҳатто бахшҳои кучак, монанди ҳаққи ба парк рафтан нигарон шаванд”, - афзуд ӯ
Ин изҳорот аз сӯии намояндаи Амрико барои занони Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки вазорати амр ба маърӯф ва наҳӣ аз мункири толибон ахиран ҳузури занон дар паркҳои тафриҳиро мамнӯъ эълом кард.
Ҳушдори стратеги асосии Тоҷикистон аз таҷзияи Афғонистон: Байни киҳо?
Бояд гуфт, ки ин тасмими толибон вокунишҳои зиёдиро ба ҳамроҳ доштааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон пас аз чирагии дубораашон сахтгириҳои шадидиро дар баробари озодии шаҳрвандони Афғонистон ба вижаи занон аъмол намудааст, ки ин кор сабаби бекорӣ ва тарки Ватан аз сӯйи шаҳрвандони ин кишвар шудааст.