Вазорати дифои Русия навори парвозҳои ҷангии ҳавопаймоҳои Су-35С-и нерӯҳои фазоии кишварро дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина намоиш дод.
"Ҳайати халабонҳои ҷангандаҳои чандманзура вазифаи патрули ҳавоӣ дар як минтақаи муайянро иҷро мекунанд. Инчунин амалиёти ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда ва чархболҳои артишро ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украина пуштибонӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Қайд карда мешавад, ки парвозҳои ҷангӣ бо мушакҳои овехтаи навъҳоии гуногун анҷом дода мешаванд.
Ҳангоме ки ҳадафи ҳавоӣ ошкор мешавад, экипажҳои ҷанганда онро ҳамчун ҳавопаймои душман муайян мекунанд ва бо ёрии силоҳи мушакӣ онро нобуд месозанд, омадааст дар иттилоия.
Су-35С ҷангандаи вазнини чандманзураи аз лиҳози фанноварӣ, пешрафтатарин ҳавопаймои нерӯҳои кайҳонии Русия мебошад, ки аз ҷиҳати қудрат ба Су-57 хеле наздик аст.
Ҳавопаймоҳо ба муҳаррикҳои тавоно, системаи идораи рақамӣ, вектори ҳамаҷониба алоқаманданд.
Ҳавопаймои Су-35С аз рақибони наздиктарини худ дар суръат, аз нигоҳ манёвр ба таври қобили мулоҳиза пештар аст ва қодир аст, бори зиёди ҷангӣ, аз ҷумла мушакҳои дурпарвозро дошта бошад.