ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Муҷассамаи шоири рус Александр Сергеевич Пушкин дар барқарор карда шуд.
Чорабинӣ дар мактаби 20-уми шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он ҷо нимпайкараи шоири бузург гузошта шуд.
Маросими тантанавӣ бо баланд бардоштани парчамҳои Русия ва Тоҷикистон оғоз гардида, сурудҳои миллии ҳарду давлат низ садо доданд. Баъд аз он ҳайкали барқароршудаи шоири бузург кушода шуд.
Дар маросими мазкур сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва кормандони Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагони ин муассисаи таълимӣ ашъори Пушкинро қироат карданд, меҳмонон ба пояи муҷассама гулдастаҳо гузоштанд.
Илова бар ин, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва директори мактаб Инна Сафронова низ ба Ғафур Шерматов барои кумакаш дар барқарорсозии нимпайкараи А.Пушкин изҳори сипос карданд.
Мактаби миёнаи раками 20 ба номи Пушкини шахри Душанбе соли 1938 таъсис ёфтааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бинои мактаб госпитали эвакуатсияи №4446 мавҷуд буд, ки айни замон дар он зиёда аз 1500 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.