Вазорати дифоъ ҷараёни иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистонро шарҳ дод

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз натиҷаҳои маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли равон гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон ба ҳолати 11 ноябри соли равон, 81,4% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон то 11 ноябр 95% арзёбӣ шудааст.
Дар НТМ 93%иҷро шудааст. Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ин давра ба 79% баробар намудаанд.
Анҷоми як моҳи даъвати наваскарон ба артиши Тоҷикистон: Шарҳи иҷроиши нақша
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 70% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.