ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самти тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ҷаласаи мазкур бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухамметгелди Сердаров баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар ин ҷаласа масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, такон бахшидан ба муомилоти ду кишвар, рушди робитаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва захираҳои об, саноат, маориф ва илм, тандурустӣ ва саноати тиббӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавии муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар ин ҷаласа дар бораи зарурати таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ифтитоҳи хонаҳои савдо, инчунин имконияти тавсеаи сохтори Комиссияи байниҳукуматиро таъкид карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва илму техника ба имзо расид.