ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Як мансабдори давлатӣ дар шаҳри Кӯлобро Оҷонсии зидди фасод барои сӯистифода аз мансаб дастгир кардааст
Бино ба гузориши ин ниҳод, дастгиршуда директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” будааст.
Гуфта мешавад М.М. дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.
Ба иттилои манбаъ мавсуф аз барои барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима 513,3 ҳазор сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифтаву пурра сарф накардааст.
Ӯ бо истифодаи ваколати мансабиаш бо мақсади ба даст овардани фоида аз маблағи зикршуда танҳо 329,3 ҳазор сомонияшро хароҷот карда, боқимонда маблағи 184 ҳазор сомонияшро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст,
Оҷонсӣ мегӯяд, ин амали М.М. ба давлат зарари калони моддӣ расонид.
Ҳамакнун оид ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.