Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар Русия доимӣ иқомат доранд, дар баробари атбои муқимӣ ҳақ ба ҷуброни зарари ба молу мулк ва саломатӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда пайдо карданд.
Муҳоҷирон аз ин ҳуқуқ дар асоси принсипи мутақобила, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ бархӯрдор мешаванд.
Дар санад ҳамчунин омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Русия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Русия дар соҳаи тандурустӣ ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ длоранд.
Поставнин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки муқаррароти дахлдор танҳо нисбати муҳоҷироне татбиқ мешавад, ки дар Русия иҷозаи иқомати доимӣ ё худ "ВНЖ"-ро доранд.
"Сухан дар бораи хориҷиёне меравад, ки дар Русия доимӣ иқомат доранд. Муқаррароти нав иҷозаи иқомати муваққатиро шомил нест. Мутаассифона ин муқаррарот маҳдудтар аз хостаҳоямон мебошад", - афзуд ӯ.
Коршинос таъкид намуд, ки танҳо иҷозатномаи иқомат пардохтҳоро тибқи ин қонун кафолат медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.