Раҳмон роҳи беҳбуди зиндагии деҳотиёнро баррасӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони деҳоти кишвар боло бурдани сатҳи ҳосилнокии заминҳоро муҳим хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср бо президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкими робитаҳо бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо баён доштаст.
"Дар мулоқот ҷалби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар инкишофи инфрасохтори соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии бахшҳои кишоварзӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии деҳот муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Дар Тоҷикистон чӣ қадар моҳӣ ва кадом намудҳояш сайд шудааст?
Таъкид гардид, ки бар асари тағйирёбии иқлим дар бахши кишоварзӣ низ паёмадҳои манфӣ ҷой доранд.
Дар чунин ҳолат таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Барномаҳои ҷадид барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба манфиати кор хоҳад буд, афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, аксари аҳолии он дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Таъмини амнияти озуқавориро ҳукумати Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии худ муқаррар намудаст.