Сӯхтор бинои масоҳати 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар он қаҳвахонаи "Полигон" воқеъ буд. Ба ҷои ҳодиса 50 наҷотдиҳанда ва 20 воҳиди техникаи махсус ҳозир шуданд.
Хадамоти таъҷилӣ фавран ба хомӯш кардани сӯхтор ва кӯчонидани меҳмонони клуб шурӯъ карданд. Аммо бо таҳдиди фурӯ рафтани боми бино, ки баъдан комилан фурӯ рехт, кори наҷотбахшон ба мушкилӣ печид.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса 13 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қаблан дар бораи кушта шудани 15 нафар хабар дода шуда буд, аммо Алексей Греков, муовини сардори Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар вилояти Кострома марги 13 нафарро тасдиқ кард.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аллакай як ҷавони 23-соларо боздошт кардаанд, ки ӯ дар истифодаи маводи пиротехникӣ гумонбар дониста мешавад.