ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 11 то 18 ноябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар чемпионати CAFA-2022 (U-14) ба ҷуз аз тими Тоҷикистон боз чаҳор дастаи дигар – Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунад.
Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-14) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Вохӯрии якуми тими наврасони Тоҷикистон бо футболбозони Туркманистон баргузор мегардад. Бозӣ рӯзи шанбеи 12 ноябр соати 11:30 баргузор мешавад.
14 ноябр — соати 11-30 — Тоҷикистон — Ӯзбекистон;
16 ноябр — соати 16 — Эрон — Тоҷикистон;
18 ноябр — соати 16 — Тоҷикистон — Афғонистон.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад. 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард.