ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар рӯзи дуюми мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Тоҷикистонро Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ карданд.
Мутассифона, дар рӯзи дуюми мусобиқа масири ҷудокорони тоҷик то ба даври 2-юм идома карда тавонисту халос, онҳо бидуни медал рӯзи дуюми мусобиқаро ба поён расониданд.
Ҳарчанд дар рӯзи якуми мусобиқа Муллораҷаб Халифаев барои Тоҷикстон дар вазни то 66 кг нишони нуқра ба даст оварда буд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Беҳрӯз Хоҷазода аз ҳарифи ӯзбек ва Абубакр Шеров аз ҷудокори озарӣ дар даври аввал мағлуб шуданд.
Сомон Маҳмадбеков бошад дар даври аввал муқобили ҷудокори канадагӣ зафар ёфту дар даври дуюм бо варзишгари мизбон сабқат кард ва қувваозмоии онҳо то даври тиллоӣ давом ёфт ва билохира намояндаи Озарбойҷон пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамакнун, рӯзи 6 ноябр дар рӯзи охири мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022” Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев ва Темур Раҳимов намояндагӣ хоҳанд кард.