Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба Нуробод расид

Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод як микроавтобус ва ду техникаи коммуналӣ — туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод туҳфаҳои фиристодаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро иборат аз як адад микроавтобус ва ду адад техникаи коммуналӣ қабул карданд, иттилоъ додааст мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод.
Таъкид шудааст, ки шаҳраки дарбанди ноҳияи Нуробод навбунёд буда, корхонаи коммуналии он аз сабаби надоштани техникаҳои зарурии коммуналӣ барои кашонидани партовҳои гуногуни аҳолӣ ба мушкилии ҷиддӣ гирифтор буд.
“Хушбахтона, бо дастгирии Рустами Эмомалӣ ин мушкилӣ дар ноҳия бартараф гардид”,- зикр кардааст мақомоти ин ноҳия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ фиристода шуданд.
Рустами Эмомалӣ ба даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 37 нақлиёт ҳадя кард
Воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои коммуналӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо назардошти фаро расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумак дода шуданд.
Ин воситаҳо, аз ҷумла ба шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ирсол гардиданд.