Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон захмӣ шуд

Расонаҳо дар бораи тирандозӣ аз сӯйи як фарди мусаллаҳ ба корвони нахуствазири собиқи Покистон ва захми шудани ӯ хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Нахуствазири собиқи Покистон Имрон Хон, бар асари тирандозии як фарди мусаллаҳ ба корвони вай захмӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симо.
Иттилоъ дода шудааст, ки фарди муҳоҷим боздошт ва дар ин ҳамла як нафари дигар ҳам захмӣ шудааст.
Имрон Хон ахиран борҳо Амрикоро бар дахолат дар умӯри дохилии Покистон ва тағйири давлат дар ин кишвар муттаҳам карда буд.
Имрон Хон дар истеъфои иҷбории худ Ҳукумати Амрикоро муттаҳам кард
Дар ҷадидтарин таҳаввулоти сиёсии Покистон ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи расмӣ, ки рӯзи душанбеи гузашта мунташир шуд, Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон барандаи интихоботи миёндавраии Покистон шуда буд.
Имрон Хон қаблан аз маҷмуи ҳашт интихоботи миёндавраӣ шахсан дар шаш давраи он ширкат кардаву пирӯз шуда буд. Ҳадаф аз ин созукор нишон додани ин мавзуъ ҳаст, ки то чӣ ҳад вай миёни мардум маҳбуб ҳаст.
Барои як номзади интихоботӣ дар Покистон ин имкон вуҷуд дорад то барои касби чандин курсӣ худро номзад кунад.
Гарчанде Имрон Хон дар ҳавзаҳои мухталиф интихоб шавад, яке аз ҳавзаҳоро ба унвони намоянда интихоб мекунад ва сипас дар соири ҳавзаҳо раъйгирии нав ташкил мешавад.