ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои маориф вобаста ба пурзӯр намудани чорабиниҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пешниҳоди руйхати хонандагони душвортарбия, аз оилаҳои носолим дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.
Ҳамзамон раиси вилояти ВМКБ ба сардори раёсати маорифи вилоят барои насби камераҳои мушоҳидавиро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ супориш додааст.
"Камераҳои мушоҳидавиро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таъмин намуда, дар баробари таҳти назорат қарор додани раванди таълим, ҳамчунин ба тарбияи хонандагон низ таваҷҷуҳи махсусро равона намоянд", - омадааст дар хабарномаи хадаомти матбуотии раиси ВМКБ.
Ҳамзамон сардори раёсати маориф барои ба мизони муайян ворид намудани таълиму тарбия дар ҳамаи мактабҳои вилоят ва ба талаботи соҳаи маориф мутобиқ намудани ҳайати директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ супоришҳои ҷиддӣ гирифтааст.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки дар нӯҳ моҳ танҳо дар шаҳри Хоруғ 17 маротиба рейди шабонарӯзӣ барои пешгирии шабгардии кӯдакону наврасон, инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар вақти дарс дар ҳамкорӣ бо шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷаи он ба идораву муассисаҳои дахлдор гузоришҳои хатӣ манзур гардид.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон 6 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 312 нафар волидон ба маблағи беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.