ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Якҷоя бо гурезаҳои афғон террористон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаракат кунанд, гуфт котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев.
Вай ин хатарро ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо ҳамкасбонаш аз кишварҳои ИДМ эълон кард.
Ӯ ҳушдор додааст, ки вазъ дар Афғонистон метавонад боиси кӯчидани паноҳандагон ба Осиёи Марказӣ шавад.
"Эҳтимол дорад, ки гурезаҳо на танҳо ба Эрон ва Покистон, ки ҳоло беш аз 80 дарсади муҳоҷиронро қабул мекунанд, балки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳаракат кунанд", - гуфт Патрушев.
Ба андешаи ӯ, аз ҷумла ин метавонад боиси ворид шудани аъзои созмонҳои байналмилалии террористӣ ба кишварҳои муштаракулманофеъ шавад.
Дабири Шӯрои Амният таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар пасманзари буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон хатари бад шудани вазъи муҳоҷират ба таври ҷиддӣ вуҷуд дорад.
Патрушев қайд кард, ки вазъи душвори иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар пасманзари муныамидсозии маблағҳои Афғонистон аз ҷониби ИМА барои таҳкими иқтидори созмонҳои террористӣ шароит фароҳам меорад. Ин боиси афзоиши ноустувории фазои ИДМ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, худи Иёлоти Муттаҳида танҳо бо сухан бо терроризм мубориза мебарад ва созмонҳои зиёди террористиро амрикоиҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ таъсис додаанд.