Соҳибкорони Самара ба Тоҷикистон меоянд

Дар Душанбе соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Русия дар як дидор масъалаи рушди ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон вохуриҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Русия баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъин дидори соҳибкорон рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Самараро зиёда аз 13 ширкату корхонаҳои хурду миёна ва бонуфуз муаррифӣ мекунанд.
Гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то куҷо рушд кард: маълумоти нав
Таъкид шудааст, соҳибкорони Самара бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва пайдо намудани шарикони худ ба кишвар сафар хоҳанд кард.
“Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои омехта, тандурустӣ, косметология, қаннодӣ, обҳои нӯшокӣ, меваҳои хушк, кишоварзӣ, агролизинг, дистрибюторҳо ва ғайра иштирок менамоянд”, - иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Ҳамзамон Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ширкатҳои ҳавасманди ҷумҳурӣ имкон доранд дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.