Миёни кишварҳои СҲШ долони нави нақлиётӣ ва транзитӣ пайдо мешаванд

Намояндагони кишварҳои узви ин созмон ба мувофиқа расиданд, ки технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасрафро ҷорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай қасд доранд, долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ ташкил кунанд.
Изҳороти дахлдор дар баёнияи муштараке, ки рӯзи ахиран дар паи ҷаласаи 21-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ қабул шуд, омадааст.
"Роҳбарони ҳайатҳо нияти кишварҳои узвро ҷиҳати ноил шудан ба истифодаи самараноки иқтидори транзити СҲШ, ташаккули долонҳои нақлиётию транзити минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими ҳамбастагии нақлиётӣ дар фазои созмон мусоидат мекунанд, тасдиқ намуданд", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамияти таъсиси хатсайрҳои нав ва модернизатсияи хатсайрҳои мавҷудаи байналмилалиро ҳам барои нақлиёти автомобилӣ ва ҳам роҳи оҳан қайд карданд.
Чунин тадбирҳо нисбати долонҳои мултимодалии нақлиётӣ ва марказҳои логистикӣ низ андешида мешаванд.
"Давлати хуби транзитӣ” - стратегияи ҷадиди Тоҷикистон
Илова бар ин, сарони ҳайатҳо оид ба технологияҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва каммасраф, инчунин оптимизатсияи расмиёти фаромарзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати Чин баргузор шуд.
Дар чорабинӣ сарони ҳукуматҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Ҳиндустон ва Покистонро вазирони корҳои хориҷияшон намояндагӣ карданд.
Давлатҳои нозир ба ин кор Беларус, Эрон ва Муғулистон ҳамроҳ шуданд. Туркманистон ҳам ба ин нишаст даъват шуда буд.