ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Русия, ки нахустин маротиба дар таърих аст, ҷолибу беназир хоҳад буд.
Дар ин бора Футҳуллоҳ Фатҳуллоев бозигари тими "Регар-ТадАЗ" ва мунтахаби Тоҷикистон изҳор дошт.
"Ба ҳама маълум аст, ки тими миллии мо ҳам қавӣ ҳаст ва имкони нишон додани бозии сазоворро дорад. Аз он ки ин аввалин бозии яккачини кишвар бо Русия аст, ҳама бозигарон талош хоҳанд кард, ки тамоми маҳорати худро сарф намоянд", - афзуд бозигар.
Футболбози тоҷик афзуд, бояд эътироф кард, ки фаворити бозӣ тими Русия аст, вале бачаҳои мо низ ҳунарнамоии сазовор хоҳанд кард ва ин як таҷрибаи хуб низ хоҳад буд.
Ба таъкиди ӯ, бозӣ барои тамошобинон низ ҷолиб хоҳад буд ва 25 ҳазор тамошобине, ки барои дидану ҳаводорӣ аз яккачини кишвар ба майдон меоянд, ба бозигарон нерӯву масъулияти иловагӣ зам хоҳад кард.
Бино ба пешбинии фатҳуллоев натиҷаи рақобат 1:1 ва ё 2:2 хоҳад шуд.
Қаблан собиқ мураббии тими миллии Тоҷикистон Дамир Камолитдинов гуфта буд, ки бозӣ барои русҳо осон нахоҳад буд.
Ӯ бар ин бовар аст, ки сармураббии тими миллии футболи Русия Валерий Карпин метавонад дар бозии дӯстона навкоронро ба ҳайати мунтахаби кишвараш ҷалб кунад, ки сатҳи бозии онҳо аз бачаҳои тоҷик чандон боло нест.
"Ба фикрам, дастпарварони Питер Сегрт дастаи Русияро маҷбур ба резонидани арақи ҷабин мекунанд. Фикр мекунам, ки варзишгоҳ пур мешавад ва ин ҳам тоҷиконро ба таври мусбат ҳавасманд мекунад. Дар футзал бартарии Русия хеле баланд аст ва ин ду бозӣ ба мо аз русҳо дида фоиданоктар аст", — гуфт мавсуф.
Шогирдони Валерий Карпин ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт рӯзи 17 ноябр бозии дӯстона анҷом медиҳанд.