Бо даъвати мухлисон: Фатҳуллоев имкон дорад, расман тарки мунтахаби Тоҷикистон кунад

Бозигари шинохта тасмими рафтанашро ба даъват нагардидан ба бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки сабабшро худаш низ намедонад, унвон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Фатҳулло Фатҳуллоев, беҳтарин ва пурҳаводортарин бозигари футболи тоҷик имкон дорад, мунтахаби кишварро расман тарк кунад.
Номбурда дар шарҳи ин тасмим дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз мунтахаби кишвар рафтан намехост, аммо аз онки ба бозиҳо даъват намешавам, хубтар аст, ки биравад.
“Қариб се сол аст, ки барои бозиҳо дар ҳайати яккачини кишвар даъват намешавам. Сабабашро низ намедонам”, - гуфт Фатҳуллоев.
Ӯ мегӯяд, пешниҳод дар бораи расман аз мунтахаби кишвар рафтан аз ҷониби мухлисон буд ва ба ин зид нест.
Бозигар ҳоло дар тими “Регар-ТадАЗ” бозӣ дорад ва дар 21 рақобати даста 7 гол задаву 4 партоби головар дорад.
Дар ҳамин ҳол мухлисони бозигар ва агенти ӯ Кова Тилавпур аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон хостаанд, ки дар бозии қарибулвуқуи яккачини кишвар бо мунтахаби Русия ӯро даъват ва маросими рафтанашро бошукуҳ таҷлил кунанд.
Бино ба гуфтаи онҳо, Фатҳуллоев аз беҳтарин футболбозони замони Истиқлолияти кишвар, ки дастоварҳои арзанда дорад ва месазад, ки рафтанаш сазовор талил шавад.
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин
ФФР бозии миёни Русия ва Тоҷикистонро бонг барои футболи ҷаҳон номид
Маврид ба зикр аст, ки Фатҳуллоев беҳтарин футболбоз дар солҳои 2012 ва 2017, қаҳрамони ҳашткаратаи ҷумҳурӣ, шашкаратаи Ҷоми Тоҷикистон,шашкаратаи Суперҷоми Тоҷикистон, ду маротиба финалисти Ҷоми Осиё дар ҳайати “Истиқлол” буд.
Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба футбол буда, беҳтарин даврони рушдаша дар “Истиқлол” (2008 то 2018) гузаштааст.
Баъди рафтан аз тими пойтахт ӯ дар дастаҳои "Бухоро"-и Бухоро (2019), "Хуҷанд"-и Хуҷанд (2020), “Ченнаи”-и Ҳиндустон (2020-2021), ССКА (2021) ва ҳоло дар “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунад.
Фатҳуллоев зери рақами 18 ба ҳайси ҳамлавар дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон 68 бозӣ карда, 9 гол задааст.
Бино ба гузориши пойго портали Transfermarkt, арзиши бозории бозигар 32-сола 250 ҳазор евро буда, бо бошгоҳи шаҳри Турсунзода то охири сол шартнома дорад.