ДУШАНБЕ, 1 ноя – Sputnik. Сохтмони манзилҳое, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара тахриб шуда буданд, рӯзҳои наздик анҷом меёбад.
Дар ин бора мудири Идораи сохтмони ҳукумати Суғд ва ҳамчунин муовини сардори Ситоди бартарафкунии паёмадҳои муноқишаи марзӣ дар шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Строительство нового дома взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе
© Пресс-служба города Исфара
Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонии беш аз 20 манзили истиқоматӣ, ки аз сифр шурӯъ шуда буд, то 80% ба анҷом расонида шудааст.
"Сохтмончиҳо ҳоло ба рангуборкунӣ дар ин иншоот машғул ҳастанд. Рӯзҳои наздик ҳамаи корҳо ба иҷро расонида шуда, ин хонаҳо ба соҳибонашон супорида хоҳанд шуд” – афзуд, Муҳаммадзода. Ӯ гуфт, масолеҳи зарурӣ пурра дастрас мебошанд.
Дар ҳамин ҳол манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъача бо маром идома дорад.
Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 - 16-ум сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Строительство нового дома взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе
© Пресс-служба города Исфара
Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғозу шиддати даргирӣ айбдор мекунанд.