ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар ояндаи наздик қурби доллар ба таври назаррас боло рафтанаш гумон аст. Дар ин бора Александр Данилтсев, директори Донишкадаи сиёсати тиҷоратии Мактаби олии иқтисод дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳама чиз ба нархи нафт, ки ҳоло тағйирёбанда аст ва вазъи умумии сиёсиву иқтисодӣ вобаста хоҳад буд. Умедворам, ки вазъ дар тиҷорати хориҷӣ ба эътидол меояд, воридот барқарор мешавад. Агар нархи нафт тағйир наёбад, пас рубл тадриҷан коҳиш меёбад", - гуфт коршинос.
Данилтсев дар бораи оғози муомилот бо арзҳои Осиёи Марказӣ дар биржаи Маскав таъкид кард, ки кишварҳои минтақа дар арсаи тиҷорат ва тавлид бозигарони қобили мулоҳиза ва шарикони хуб барои Русия ҳастанд.
"Савдо ба таври оддӣ сурат мегирад, муомилот бо асъори миллии Осиёи Марказӣ соддатар мешавад. Аммо ҳама чиз аз ҳаҷми онҳо вобаста аст. Масалан, миқдори амалиёт бо Ӯзбекистон афзоиш меёбад ва тиҷорат рушд хоҳад кард", - хулоса кард ҳамсӯҳбати агентӣ.
Қаблан дар биржаи Маскав ба муомилот бо пули ӯзбекӣ, сомонии тоҷикӣ ва сӯми қирғизӣ оғоз карда буданд.
Чунин тадбирҳо имкониятҳои иштирокчиёни бозор ва мизоҷони онҳоро васеъ намуда, инчунин барои рушди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ барои субъектҳои хоҷагидории кишварҳо як ангезаи иловагӣ хоҳанд шуд.