Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?

Ҳадафи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ, ҷараёни корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум арзёбӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари корияш ба вилояти Хатлонро аз ноҳияи Қубодиён оғоз намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум мебошад.
Дар Қубодиён президент нахуст дар деҳоти ба номи Утақара Назаров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуд, ки аз 2 ошёнаю 11 ҳуҷра иборат буда, аз сӯи соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.
Мақомот аз афзоиши шумори соҳибкорон дар Хатлон хабар дод
Раисҷумҳур омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон даъват намуд.
Дар ин макон президент ҳамчунин барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузошт.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қубодиён бинои Шуъбаи маорифи ноҳия, бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, майдони парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.
Дар хоҷагии деҳқонии "Бобои Ҷӯра", Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи парвариши шолӣ шинос шуда, дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуд.