ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Русия ва Чин мунтазам мустаҳкамтар мешаванд.
Ин нуктаро раҳбари Чин, Син Ҷинпин дар паёми шодбошияш ба ҷамъияти дӯстии ду кишвар баён дошт.
Ҷинпин дар барқияи табрикӣ ба муносибати 65-умин солгарди таъсиси Ҷамъияти дӯстии Русияву Чин ҳамчунин қайд кардааст, ки ин созмон аз замони таъсисаш ҳамеша ба мафҳуми дӯстии халқҳо пойбанд будааст.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, ҷамъият дар таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимоди байни ду давлат саҳми муҳим гузошт.
"Айни замон муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Чину Русия ва ҳамкориҳои стратегӣ дар давраи нав сатҳи баланди рушдро нигоҳ медоранд", - гуфта мешавад дар паём.
Ба гуфтаи Си Ҷинпин, табодул ва ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Чин дар бахшҳои мухталиф амиқтар мешавад ва "дӯстии ду халқ пайваста таҳким меёбад".
Раҳбари Чин таъкид кард, ки муносиботу дӯстии кишварҳо зарфияту имкониятҳои бузург доранд.
Вай изҳори умедворӣ намуд, ки ҷамъияти дӯстии Русия ва Чин минбаъд ҳам дар мустаҳкам намудани алоқаҳои зич нақши калон мебозад.