ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Ҳайати мақомдорони ҳукуматӣ дар мавзеи Барҷангали ноҳияи Роштқалъа аз бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Себзор" дидан намуданд, хабар дод нашрияи ҳукуматӣ, "Ҷумҳурият".
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайат мудири кулли ширкати "Помир энержи" Амрихон Раҳимов, меҳмонон, таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Далер Ҷумъаро бо ҷадвали кор дар иншоот шинос намуд.
"Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бо суръати баланд рафта истодаанд. Иттилоъ доданд, ки дар баробари бунёди Неругоҳ дар ин ҷо аз ҳисоби маблағҳои лоиҳа 4 километр роҳ асфалтпӯш, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки щамзамон, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи 110 кВ-и НБО "Себзор" дидан намуд.
Зикр гардидаст, ки тибқи лоиҳаи бунёди НБО "Себзор", 17 хоҷагӣ, ки манзили истиқоматӣ ва заминҳояшон зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонда, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин шуданд
Нерӯгоҳи "Себзор" дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад.
Нирӯгоҳи хурди обии “Себзор”, ки дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад, тавони бо нирӯи барқ таъмин кардани даҳҳо ҳазор сокини маҳаллиро дошта, имкони содироти барқ ба навоҳии наздимарзии Афғонистонро низ фароҳам мекунад.