Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии гуруҳи тахрибкори украиниро дар Энергодар нашр кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, гуруҳи тахрибкор мехост, аз қаламрави обанбори Каховка ба Энергодар фуруд оянд, аммо муваффақ нашуданд.
Навори нашрнамудаи Вазорати мудофиаи Русия бо дастгоҳи биниши шабона сабт шудааст. Дар он нишон медиҳанд, ки чӣ гуна киштӣ тавассути об ҳаракат мекунад ва сипас мавриди оташкушоӣ қарор мегирад.
Аз афтидани лавозимоти ҷангӣ манораҳои об баланд мешаванд ва дар ниҳоят худи киштӣ тахриб мегардад.
Қаблан вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ҳангоми кӯшиши гурӯҳи диверсионӣ ва истихборотии нерӯҳои украинӣ барои вуруд ба шаҳри Энергодари вилояти Запороже як киштии баландсуръати украинӣ нобуд карда шуд.
Мақомоти дифоии Русия аз пас гардондани ҳолатҳои ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина давоми рӯзҳои охир бо ворид намудани талафоти зиёд ба рақиб гузоришҳо нашр мекунанд.