Дар Хуҷанд пули мошингузар пас аз таъмири чоррӯза дубора боз шуд

Раиси вилоят пас аз қабули пули таъмиршуда барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд пули асосии мошингузари хиёбони марказӣ пас аз таъмир дубора ба истифода дода шуд.
Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии пули таъмиршуда, раиси вилояти Раҷаббой Аҳмадзода иштирок кард ва ба сифати корҳои анҷомдодаи роҳсозон баҳои баланд дод.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва идораи сохтмони асосии вилояти Суғд барои бунёди як пули дигар дар болои дарёи Сир дастуру супориш дод.
Оғози таъмири пули калони шаҳри Хуҷанд - акс
Маврид ба зикр аст, ки таъмири пули мазкур, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, 25 октябр оғоз ёфта буд. Ин пул беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дошта ба таъмир сахт ниёзд дошт.
Манбаъ меафзояд, тибқи супориши Раҷаббой Аҳмадзода давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул ҷараён гирифта, қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шуд.
Ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути пул чун пештара идома дорад.