ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар бозии даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022 дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳам омаданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 6 500 нафар тамошобин доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфт ва ғолибро аз рӯи силсила зарбаҳои 11 метра мушаххас карданд.
Дастаи “Истиқлол” дар иҷрои зарбаҳои 11 метра муваффақ буд ва тавонист, ки бо ҳисоби 5 бар 4 муқобили “Куктош” ғолибият ба даст биёрад.
Ҳамин тавр, “Истиқлол” маротибаи 9-ум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Голҳоро дар вохӯрӣ Муҳаммад Гулаев, Сулаймон Собиров (худгол), Худойдод Узоқов ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” дар финали Ҷоми Тоҷикистон майдондорӣ карданд.