ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Сафарзода Шарифхон Нураҳмадро раиси ноҳияи Варзоб таъйин кард.
Бар асоси фармони қаблии раисҷумҳур, Сафарзода аз моҳи июли соли равон то ҳол иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ин ноҳия буд.
Вай қаблан дар ноҳияи марказии шаҳри Душанбе - Исмоили Сомонӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ноҳия фаъолият мекард.
Маврид ба зикр аст, ки Сафарзода дар мақоми раиси Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умарро иваз намуд, ки аз соли 2018 то тобистони соли равон роҳбари ноҳияи мазкур буд.
Далели барканории Шерализода ба кори дигар гузаштан арзёбӣ шуда буд ва ӯ ахиран ба ҳайси вакил вориди Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Шерализода бо гирифтани 77 ҳазор овоз ва ё наздики 55%-и оро, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 шуд.
Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардида буд.