Русия аз ҳазорон террорист дар Афғонистон ва дасти ИМА дар ноории ин кишвар гуфт

Дар Афғонистон нуфузи террористон алалхусус ДОИШ* дар шимоли ин кишвар зиёд шудааст, ки барои пешгирӣ аз таҳдидоти он чораҳои дастаҷамъӣ лозиманд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳ бо ҳудуди 10 000 террорист фаъолият дорад.
Дар ин бора Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки Русия вазъи афзоиши нерӯҳои махфии террористӣ дар Афғонистонро хеле ҷиддӣ мешуморем.
"Яке аз сохторҳои ҳудудии фаъол дар Афғонистон бахши минтақавии "ДОИШ-и Хуросон"* боқӣ мемонад, ки шумори онҳо ба ҳисоби мо, аз 1500 то 2000 ҷангҷӯро ташкил медиҳад", -афзуд номбурда.
Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Русия, ҳамчунин дастгирии молӣ ва афзоиши террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон идома дорад.
Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт
Сиромолотов таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бозиҳои геополитикии худро идома дода, ба ноором шудани вазъ ҳам дар худи Афғонистон ва ҳам дар манотиқи ҳаммарз бо он саҳм мегузоранд.
Русия барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон кумак хоҳад кард, гуфт ӯ
Мавсуф инчунин гуфт, ки Маскав наметавонад дар баробари талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои мудохила ба сарнавишти Осиёи Марказӣ канор биистад.
"Бо дарназардошти кӯшишҳои идомаи дахолати фаъол ба сарнавишти тамоми минтақа, Русия наметавонад дар канор биистад",- гуфт ӯ.