ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ дубора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Вале, ба гузориши манбаъ, корҳои бартарафсозӣ дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ то ҳол идома дорад.
"Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Ёдрас мешавем, ки дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч боиси баста шудани роҳ гардид.
Ҳамчунин, тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омада 5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ, аз аҳолӣ даъват кард, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.