ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Украина қобилияти мавҷудияташро ҳамчун давлат аз даст дод, изҳор дошт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин.
Ин нуктаро Володин дар саҳифааш дар "Telegram" таъкид карда, афзуд, ки Украина "аз ҷониби НАТО ишғол шудааст" ва ба "мустамликаи ИМА" табдил ёфтааст.
"Дар бораи вазъ дар Украина. Истиқлолият комилан аз даст рафт. Украина аз ҷониби НАТО ишғол шудааст. Кишвар ба мустамликаи Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст. Фармонҳо ба Киев аз Вашингтон дода мешаванд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро Пентагон назорат мекунад", - навиштааст ӯ.
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин дар бораи "фурӯпошии иқтисодӣ"-и Украина ҳарф зада, қайд кард, ки "низоми молӣ хароб шудааст" ва режими Киев мустақилона кафолатҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандонро таъмин карда наметавонад. Дар ин самт аз оҷиз будани Украина дар пардохти маош ва нафақа зикр гардидаст.
Ҳамчунин Володин аз қарзҳои Украина гуфтааст, ки ба иттилои ӯ беш аз 100 млрд долларро ташкил медиҳанд. Вай афзуд, ки фоизҳо аз рӯи ин қарзҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд.
"Украина қобилияти вуҷуд доштани давлатро аз даст дод", - хулоса кард ӯ.
Ин таъкидоти Володин дар ҳолеянд, ки кишварҳои ғарбӣ ба таври густарда аз нигоҳи молӣ, техникӣ ва низомӣ Украинаро таъмин мекунанд.