Дар Тоҷикистон нақшаи наҷоти Афғонистонро ошкор карданд

Коршиноси тоҷик мегӯяд, Афғонистон қодир аст ба як шарики тиҷоратӣ табдил ёбад ва аз пайдоиши пойгоҳҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Транзити маҳсулоти нафтии Русия тавассути Осиёи Марказӣ метавонад ба суботи Афғонистон мусоидат кунад. Дар ин бора директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, давлатҳои минтақа дорои зарфияти бузурги логистикӣ барои пайваст кардани шимолу ҷануби қора ва ба даст овардани даромад аз тиҷорату транзитро доранд.
"Манобеъи Русия низ дар ин ҷо интиқол дода мешавад ва тавассути долони "Шимол-Ҷануб" кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди афзояндаи Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна дастрасии бештар доранд", - изҳор дошт Умонзода дар ҳамоиши коршиносон дар Қазоқистон.
Захираҳои Федератсияи Русия буҳрон дар Афғонистонро, ки бар асари тағйири қудрат ба вуҷуд омад, метавонад ба эътидол орад. Ҳамчунин муносибат бо ҳамсоякишварҳо низ бештар мешавад.
"Чунин транзит метавонад ба суботи сиёсӣ ва нигоҳдории долони бехатари иқтисодии кишварҳо бо Афғонистон мусоидат кунад, ки имкон медиҳад Кобул ҳамчун шарики ояндадори тиҷоратӣ пайваст шавад ва аз истифода шудани ин кишвар ҳамчун пойгоҳи гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ карда шавад", - хулоса кард директори Маркази тадқиқоти стратегӣ.
Вазири тиҷорати толибон: Аз Русия нафт харидорӣ мекунем
Ёдовар мешавем, ки бо ба сари қудрат омадани толибон Афғонистонро буҳрони ҷиддии башардӯстонаро фаро гирифт. Бар асари яхбандии дороиҳои хориҷӣ кишвар қариб бепул монд ва рафтани оммавии мутахассисон боиси таназзули тиб гардид.
Вазъияти иқтисодии Афғонистон бо суръати тез бад мешавад: нархи озуқа ва сӯзишворӣ баланд мешавад, садҳо ҳазор нафар одамон аз кор маҳрум шуданд, фаъолияти молиявӣ дар мамлакат хеле паст шуд.