ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд нархи маҳсулоти ширӣ боло рафт. Арзиши он 18,3 фоиз афзуд. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилоят хабар доданд.
Дар бозорҳои Суғд 1 литр ширро тақрибан 5-8 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят то 1 октябри ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад бештар аст.
Дар муҳлати муайяншуда аз ҳар сар модагов қариб 1,3 ҳазор кг шир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 87 кг зиёд мебошад.
Ба маълумоти ин ниҳод, дар вилояти Суғд на танҳо шир гарон шудааст. Масалан, дар вилоят нархи маҳсулоти тамоку, гӯшт (4,5 фоиз), нон (4,6 фоиз), шакар (6,2 фоиз) ва орди навъи якум (11,7 фоиз) 32,5 фоиз боло рафт.
Арзиши аслии баъзе сабзавот: пиёз 1,8 баробар, сабзӣ ва лаблабу — 1,7 баробар афзуд.
Дар вилоят маҳсулоте низ мавҷуд аст, ки нархи онҳо, баръакс, арзон шудааст. Инҳо асосан сабзавоту меваҷот – лубиё (2,3%), картошка (32,5%), помидор (60,2%), бодиринг (63,9%), карам (5,6%), себ (22,3%) ва ғайра мебошанд.