ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Корхонаи муштараки "Зарафшон" дар 9 моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни гузориш аз мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири кулли корхонаи муштараки "Зарафшон" хабар дод. Раиси Суғд ҳамчунин аз роҳбари корхонаи муштарак хостааст, тавлиди маҳсулотро дар қиёс бо соли гузашта зиёд намояд.
Зикр гародидаст, ки дар корхона 2566 нафар коргар фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин раванди сохтмони корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, дар корхонаи нави металлургӣ, ки аз ҷониби "Зарафшон" бунёд гардида истодааст, ки то ҳол 95%-и корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
"Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир харидорӣ ва дастрас гардида, дар назар аст, ки корхонаи нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси Суғд бо тавсиф аз саҳми корхона дар рушди саноат ва тавлиди маҳсулот, аз роҳбарияти "Зарафшон" хостааст, уҳдадориҳояшро иҷро намояду бархе камбудиҳои мавҷударо бартараф кунад. Чӣ камбудиҳо дар назар дошта шудаанд, зикр нагардидааст.
Корхонаи муштараки "Зарафшон", ки аксари саҳмияҳои он ба ширкати чинӣ тааллуқ доранд, калонтарин тавлидкунандаи тило дар Тоҷикистон ба шумор меравад.