Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири нави Русия дар ВУХ Тоҷикистон - акс

Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафири нави Русия дар Душанберо бо таъйин шудан ба ин мақом шодбош гуфта, дар фаъолияташ муваффақият хост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ супорид.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.
Манбаъ афзуд, ки Имомӣ, Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.
Cафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев ҳангоми супоридани нусхаи эътимоднома ба муовини вазири умури хориҷии ҶТ, Содиқ Имомӣ
Маврид ба зикр аст, ки Григорев ҳайси сафири нави Русия нимаи моҳи октябр вориди Душанбе шуд. Фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
На танҳо роҳбар, балки устод шуд: дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон бо Фролов хайр гуфтанд
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.