Володин шеваи кори Зеленскийро ба Усома бин Лодан монанд кард

Раиси Думаи давлатии Русия дар пасманзари иттилоъ дар бораи азми мақомдорони Киев барои истифодаи "бомби касиф" онҳоро дар терроризми ҳастаӣ айбдор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Шеваи терроре, ки роҳбари "Ал-қоида"* Усома бин Лодан кор мебурд дар замони муосир низ боқӣ монда, аз ҷониби роҳбари Украина, Владимир Зеленский истифода мешаванд.
Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин дар саҳифааш дар "Telegram" баён дошт.
Вай зикр намуд, ки 20 сол пеш Вашингтон "хабар паҳн кард, ки террористҳои "Ал-Қоида"* таҳти раҳбарии Усома бин Лодан қасд доранд, ба маводи радиоактивӣ даст ёбанду "бомбаи ифлос" эҷод кунанд".
Ӯ таъкид намуд, ки усулҳои терроризми ҳастаӣ тағйир намеёбанд ва он чизе, ки Усома бин Лоден қасд дошт, Зеленский низ ҳамонро пеш гирифтааст.
Хатари бесобиқа дар 60 сол: Маск хост, башарият худро бо силоҳи ҳастаӣ нишон нагирад
Вячеслав Володин таъкид намудааст, раисҷумҳури ИМА, Ҷо Байден ва сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки ба режими Зеленский кумаки молӣ ва низомӣ мерасонанд, сарпараст ва шарикони терроризми ҳастаӣ мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран РИА "Новости" аз қавли манобеи муътамадаш хабар дод, ки низоми Киев дар қаламрави Украина иғвои ҳастаӣ бо "бомби ифлос" ё силоҳи ҳастаии иқтидори хурдро омода карда истодааст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки ҳадафи ин моҷара муттаҳам кардани Русия дар истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва роҳандозии маъаракаи густурдаю коҳиши эътимод ба Маскав дар саросари ҷаҳон мебошад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар