Тавсифи Раҳмон аз қувваи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: 900 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияташро ба беҳбуди шароити кору зиндагии аъзояш равона кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаро бо Рӯзи иттифоқҳои касаба шодбош гуфт.
Раҳмон дар паёми шодбошияш таъкид намудаст, ки яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишварро, ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба гуфтаст.
"Иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассирро иҷро мекунанд", - гуфт ӯ.
Имзои санади ҳамкорӣ миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистону Русия
Раисҷумҳур таъкид намудаст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон қарор долрад.
Зикр шудаст, иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.
Президент таъкид намудаст, ки соҳиби Рӯзи касбӣ гардидани Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти онҳо такони нав мебахшад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бар асоси тағйирот ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 24 октябр чун Рӯзи иттифоқҳои касаба эълон шуд.