ВАО: асноди махфии аз хонаи Трамп гирифтаи хадамоти вижаи ИМА марбут ба Эрону Чин аст

Асноди махфии мусодиракардаи хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида Амрико маълумоти махфӣ дар бораи ду давлати осиёиро дар бар мегирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Асноди махфие, ки хадамоти вижаи ИМА аз қароргоҳи раисиҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп мусодира кардааст, маълумот дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегирад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манобеи аз вазъ огоҳаш хабар додааст.
"Баъзе аз маводи махфӣ <...> маълумоти иктишофии ниҳоят ҳассос дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегиранд",- навиштааст нашрия.
Гуфта мешавад, ки ҳадди ақал як санади махфӣ марбут ба барномаи мушакии Теҳрон ва чанд санади дигар ба иттилоъоти иктишофӣ дар бораи Пекин марбут аст.
"Агар онҳо ба дасти ягон кас афтанд, метавонистанд усулҳои махфии чамъ кардани маълумотҳои иктишофиро, ки ИМА истифода мебаранд, фош кунанд", — менависад Washington Post.
Ба гуфтаи коршиносон, ифшои маълумоти дар асноди дарёфткардаи хадамоти вижа метавонад як қатор мушкилоти эҳтимолиро эҷод кунад - аз ифшои афсарони иктишофии Амрико ва усулҳои ҷамъоварии маълумот то таҳдиди эҳтимолии "интиқом" аз кишварҳои дигар ба Вашингтон.
Ёдовар мешавем, ки ниҳоди махсуси амрикоӣ дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ ба қароргоҳи Трамп дар Флорида дар чаҳорчӯби як парвандаи истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва нобудсозии маводи расмӣ санҷиш гузарониданд.
Ё музокирот ё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ: Трамп хостори гуфтушунид дар мавриди Украина шуд
Баъдтар Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд гуфт, ки ӯ шахсан барои пешниҳоди даъво барои дарёфти кофтуков иҷозат додааст.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳазорон ҳуҷҷат, аз ҷумла дар сатҳи гуногуни махфӣ, то баландтарин маълумотро мусодира карданд.
Худи Трамп иддао дорад, ки вай тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳангоми президент буданаш аз Кохи Сафед ба қароргоҳаш дар Флорида оварда буд, махфӣ кардааст ва қайд кард, ки сарвари давлат метавонад ин корро "танҳо бо андеша кардан" анҷом диҳад.