Дар охири рӯз дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон монаврҳо, набарди низомӣ дар майдони омӯзишӣ сурат гирифт.
Ба ривояти тамринот, ҷангҷӯён қасди муҳосираи ҷануби Тоҷикистону бо расидани воҳидҳои бузургтари ғайриқонунӣ баромадан ба Душанберо дар нақша доштанд.
Дар ар пайи ин ҳодиса марзбонон аз Ситоди муштараки СААД кумак хостаанду нерӯҳои зудамали созмон ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳою артиллерия вориди амал шудаанд.
Низомиён ҳадафи пешашон гузоштаро барои бозгардонии ҳамлаи террористҳою нобудсозии онҳо ва ҳамчунин озод намудани гаравгонҳо иҷро кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар размоиши "Сарҳад-2022", ки марҳилаи фаъоли он аз 17 то 21 октябр сурат гирифт, ҳудуди 1 ҳазор низомию 300 техника ҷалб шудаанд.
Ҳадаф аз ин машқҳо омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД таҷовуз кардаанд, арзёбӣ шудаст.
Пас аз анҷоми марҳилаи ниҳоии машқҳо маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид, ки дар он беҳтарин низомиёну қисмҳо мукофотонида шуданд.
Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз маҳорату касбияти низомиён ёдовар шуд. Вай аҳамияти вижаи ин рӯйдодро ба далели вазъи ноороми Афғонистон, ки барои кишварҳои СПАД таҳдид мекунад, таъкид кард.
Дар машқҳо қариб ҳазор кас иштирок дошт. Инчунин беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус ҷалб карда шуданд.