ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд даргузашт.
Вай яке аз кадрҳои муҳими соҳаи худ ба ҳисоб мерафт.
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мавсуф чанд рӯзи ахир дар пайи як беморӣ бистарӣ шуда буд ва субҳи имрӯз, 22 октябр, бо олами фонӣ падруд гуфт.
“Аҳли кормандони Кумита ба наздикон ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуда, аз Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд”, - гуфт манбаъ.
Маҳмадсаид Зувайдзода 2 марти соли 1969 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар соли 1991 бо ихтисоси техники бинокор, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соли 2009 ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Дар соҳаи сохтмон аз соли 1991 дар Раёсати сохтмонии “Монолит-2”-и “Монолитстрой” дар вазифаҳои усто, муҳандис оид ба таъминот, саркор, сармуҳандис ва сардори ҳамин корхона оғоз намуда, аз соли 2006 директори ширкати "Монолитстрой", ки баъдтар ба "Сомон-Тоҷиксохтмон" табдили ном кард, таъин шуд.
Аз соли 2009 директори генералии ширкати “Тоҷиксемент” низ буд. Соли 2013 бо амри Президенти Тоҷикистон директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва аз соли 2017 бо фармони Президенти Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.
Дар вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 кор мекард.