Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти муштарак доданд: чӣ гуфтанд?

Нерӯҳои марзбонӣ аз расонаҳо ва ашхоси алоҳи даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ, ки боиси авҷ гирифтани низоъ мешаванд, комилан худдорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷиикстон ва Қирғизистон мегӯянд, ки дар пайи талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии кишварҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора раҳбарои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои қирғизи ӯ Уларбек Шаршеев изҳороти муштарак доданд.
Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, онҳо имрӯз бо мақсади таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ба хотири пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар марз мулоқот карданд.
Ҷонибҳо дар гуфтугӯ, зарурати пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои паст кардани шиддати вазъ дар марз, риояи қатъии хатти рафтори марзбонони ду кишварро таъкид карданд.
"Уҳдадории қатъӣ ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамзистии осоишта, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамбастагӣ дар масъалаҳои тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳо тасдиқ карда шуд",- мегӯяд Хадамоти марзбонӣ.
Ҷонибҳо фаъолияти комиссияи байнидавлатии пешгирии ҳодисаҳоро арзёбӣ намуда, ба ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаfyl.
Сарони хадамот ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории муштаракро, ки дар ба эътидол овардани вазъ дар марз фаъолона ширкат доранд, мунтазам баргузор кунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев гуфт, баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон чи гуна бояд ҳал шавад
"Хадамоти сарҳадӣ эълом мекунанд, ки тасмим дар мавриди таъйини сарҳади давлатӣ салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки салоҳияти онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад", — омадааст дар изщорот.
Сарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон аз расонаҳо ва афроди алоҳида даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ қотеъона худдорӣ кунанд ва ба баёнияву тафсири ҳодисаҳое, ки метавонанд боиси авҷ гирифтани низоъ ва барангехтани хусумат шаванд, роҳ надиҳанд.
"Тарафҳо ҳама гуна изҳороти беиҷозатро кӯшиши ноором кардани вазъ дар марзи ду кишвар арзёбӣ мекунанд", - омадааст дар изҳорот.