ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 15-сола оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии аввал 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор оғоз мешавад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Дар маҷмӯъ дар мусобиқаи мизбонии Тоҷикистон ба ҷуз тими миллӣ тимҳои Эрон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Тибқи низомнома мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Маълум аст, ки даври 2-юм 23 октябр баргузор мешавад, ки барои рақлбат ба варзишгоҳ дастаҳои Эрон ва Ӯзбекистон ворид мешаванд.
Дар даври 3-юм, 25 октябр Тоҷикистон бо Эрон бозӣ мекунад.
ФФТ хабар дод, ки дар остонаи оғози чемпионати CAFA - 2022 миёни наврасон байни занон дар Душанбе як нишасти пешазмусобиқа баргузор шуд.
Дар он намояндагони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин дастаҳои ширкаткунанда ширкат доштанд.